CAC 40
CAC 40 (Cotation Assistée en Continu) — индекси фондии муҳимтарини Фаронса мебошад. Ифодаи ибтидоии индекс — 1000 банд — санаи 31 декабри соли 1987 муқаррар карда шудааст.[1]
Ҳисоби индекс
[вироиш | вироиши манбаъ]Индекс ҳамчун ифодаи миёнаи ариметикии аз р=и сармояшавӣ баркашшудаи нархи саҳмияҳои 40 ширкатҳои азимтарин, ки саҳмияҳои онҳоро дар биржаи Euronext Paris ба фурӯш мебароранд, ҳисоб карда мешавад. Ҳар яке аз ин чил ширкатҳо индекси худро дорад, ки мувофиқи арзиши коғазҳои қиматноки дар бозор дастрасбудаи он баркаш мешавад. Вазнҳо аз ширкат ба ширкат вобаста аз сармояшавии он дар муомилоти озод, фарқ мекунанд. Ҳангоми баркаш ширкат то вазни ниҳоии 15 % дар САС 40 бурида мешавад.[2]
Оғоз аз санаи 1 декабри соли 2003 ҳангоми сармояшавӣ танҳо сармояҳои дар муомилоти озодбуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.[3]
Индекс дар биржа, дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 до 17:30 по вақти Аврупои марказӣ, ҳар як 30 сония ҳисоб карда мешавад.[4]
Маҳакҳои интихоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Таркиби CAC 40 ҳар семоҳа аз тарафи кумитаи коршиносони Conseilcientifique des indices (CSI) нав карда мешавад. Тағйирот ҳамеша сеюм рӯзи ҷумъаи моҳҳои март, июн, сентябр ва декабр эътибор пайдо мекунанд. Шумораи саҳмияҳо дар муомилоти озод ҳар моҳи сентябр аз нав баррасӣ мегардад.[5][6]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ CAC 40 index profile. euronext.com. 22 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2007.
- ↑ Rules for the CAC 40® index. euronext.com. 22 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 июни 2011.
- ↑ Le CAC 40, qu’est-ce que c’est?. lafinancepourtous.com. 22 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Trading indices. comparebrokers.co. 22 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ CAC 40: comment le conseil des indices choisit les heureux élus. business.lesechos.fr. 22 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Le Conseil scientifique des indices, grand manitou du CAC 40 (ENCADRE). lepoint.fr. 22 феврали 2022 санҷида шуд.