Хоқонии Шервонӣ
форсӣ: خاقانی | |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 1121[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | тақрибан 1199 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | Шаблон:ِоир |
Жанр: | шеър |
Забони осор: | форсӣ ва арабӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Афзалуддин Иброҳим ибни Алӣ Хоқонии Шервонӣ (форсӣ: افضلالدّین بدیل بن علی خاقانی شروانی, мутахаллис ба Ҳоқонӣ (форсӣ: خاقانی); тақрибан 1121[1], Шервон, Давлати Шервоншоҳон[2] — тақрибан 1199, Табрез, Eldiguzid state[d]) — шоири порсигӯйи садаи XII, шоири доираи адабии Шервоншоҳони Озарбойҷон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хоқонии Шервонӣ шоири бузурги муҳити адабии Шервоншоҳон аст. Соли 1120 дар Шервон таваллуд шудааст. Номаш Бадал, номи падараш Алӣ ва лақабаш Афзалиддин мебошад. Падараш дуредгар ва модараш ресмонрес будаанд. Модараш Аслан аз насрониёни Рум ва ба тариқи каниз ба тарафҳои Озарбойҷон афтода будааст. Хоқонӣ ханӯз дар хурдсолӣ аз парастории падар бенасиб монда ва дар тарбияи амаки фозилаш Кофиддини Умар бинни Усмон калон мешавад. Пас аз касби камол ба хидмати дарбори Манучеҳри Шервоншоҳ мешавад. Дере нагузашта аз хидмат дилгир мегардад. Вале ҳокими нави Шервоншоҳон — Ахтисон намегузошт, ки ӯ аз дарбор равад. Пас Хоконӣ пинҳонӣ аз дарбор гурехта ба Рай меояд, аммо Шервоншоҳ бохабар шуда, ба ҳокими Рай мактуб навишта Хокониро аз нав ба Шервон меорад. Хоконӣ охирон бо баҳонаи сафари Арабистон аз муҳити тираи дарборӣ наҷот меёбад. Дар роҳи бозгашт аз Арабистон ӯ ду асари машҳури худ «Тӯҳфатулироқайн» ва қасидаи «Айвони Мадоин»-ро менависад. Хоқонӣ вақте ки ба Шервон бармегардад, ӯро боз ба дарбор даъват мекунанд, вай боз мегурезад. Ин дафъа ҳукуматдор шоири гарданпечро пас аз дастгир кардан таҳкир намуда ва дар қалъаи Шоброн ҳабс месозад. Дар ҳабс Хоқонӣ азоб мекашад, шикоят мекунад ва аз Шервоншоҳон танаффур намуда, бо қасидаи «Фалак каҷравтар аст аз хатти тарсо» барои ёрӣ ба императори Византия — Андроник Комнен муроҷиат мекунад. Ва бо мадади ин шахс пас аз ҳафт моҳ аз ҳабс озод мегардад. Пас аз ин Хоқонӣ бо табаддулоти фикрӣ, яъне бо танқиди шоҳону дарбори онҳо ва ташвиқи фикри озод рӯзгор мебурд. Дар Шервон ҳамоно тазъиқу фишор медид. Бинобар ин бо аҳли оилааш кӯчида ба Табрез омад ва ин ҷо соли 1190 вафот кард. Аз Хоқонӣ девони бузурги шеър ва маснавии «Тӯҳфатулироқаин» боқӣ мондаанд. Дар қасидаҳои ӯ, ки дар девонаш зиёданд, тасвири рӯйдодҳои таърихӣ ва иҷтимоию сиёсӣ ниҳоят бисёранд. Хоқонӣ шоҳиди ҳодисаҳои замон буд. Аз шароити номусоиди мамлакат, нобаробарию зулму фитнаҳо ва касифии аҳволи халқ ба фиғон меомад ва бар зидди онҳо ва тарафдории бечорагон сухан меронд. Масалан, ӯ дар яке аз барҷастатарин қасидаҳояш бо номи «Мисри мамлакат» зимни тасвири воқеаҳои ҷангӣ аз аҳволи нобоби халқу мамлакат ва афзоиши зулм сухан ронда, аз тороҷи кишвару харобии ҳоли мардум ашқ рехтааст:
- Он Мисри мамлакат, ки ту дидӣ, хароб шуд
- В-он Нили макрамат, ки шунидӣ, сароб шуд.
- Аз сели ашқ бар сари тӯфони ҳодиса
- Хуноб қубба-қубба ба шакли ҳубоб шуд
Қасидаи «Айвони Мадоин»-и Хоқонӣ аз ҷиҳати мавзӯъ, масъалагузорӣ ва мазмуни барҷастааш боз муҳим мебошад. Шоир дар он таассуроти худро аз мушоҳидаи вайронаҳои шаҳри Мадоин — пойтахти сулолаи Сосониён ба тасвир гирифтааст:
- Хон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон,
- Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон!
Дар ин қасида андешаҳои фалсафии Хоқонӣ аз гузашти айём бо афкори ватандӯстии ӯ пайваста иброз гардидааст. Қасида пас аз сари Хоқонӣ хеле пайравон пайдо кардааст. Ғазалҳои Хоқонӣ мазмунҳои иҷтимоию танқидӣ ва ҳасбиҳолиро ниҳоят зиёд фаро гирифтаанд ва ҳатто дар ин бобат байни ваю навиштаҳои ишқии аксари муосиронаш фарқ пайдо гаштааст. Ин маънӣ аз қитъаву рубоиҳои Хоқонӣ ҳам бараъло ҳис мегардад.
«Тӯҳфатулироқайн»
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин манзума дар соли 1157 бахшида ба Ҷамолиддин Абӯ Ҷаъфар Муҳаммад бинни Алии Исфаҳонӣ навишта шудааст. Асар аз 3000 байт иборат аст. Шаш мақола ва қисмати хотимавиро фаро мегирад. Дар «Тӯҳфатулироқайн» дар бораи нахустин мусофирати шоир ба шаҳрҳои Мака, Мадина, Ироқ ва ба ватан баргаштани ӯ маълумот дода шудааст. Ғайр аз ин дар манзумо тасвири шаҳрҳо ва машғулияти сокинони онҳо, суҳбати шоир бо баъзе шахсони маъруфи араб низ зикр ёфтаанд. «Тӯҳфатулироқайн» умуман барии равшан намудани баъзе лаҳзаҳои ҳаёти худи шоир аҳамияти калон доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Gershevitch I., Yarshater E., Frye R. N., Jackson P., Avery P. The Cambridge History of Iran (ингл.) — Cambridge University Press, 1968. — Vol. 5. — P. 569.
- ↑ 2.0 2.1 Муъин М. فرهنگ فارسی معین — Amir Kabir Publishers, 1972.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Насриддинов Абдулманнон. Куллиёт. Осор. Ҷ.1. — Хуҷанд: Хуросон, 2013
- Сафо Забеҳуллоҳ. Торихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.2. — Теҳрон: Фирдавс, 1389