Сэмюэл Гаудсмит
англ. Samuel Abraham Goudsmit | |
Таърихи таваллуд | 11 июл 1902[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 декабр 1978[1][2][3][…] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Paul Ehrenfest[d] |
Шогирдон | Robert Bacher[d] |
Ҷоизаҳо | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сэмюэл Абраҳам Гаудсмит (англ. Samuel Abraham Goudsmit; 11 июли 1902, Гаага — 4 декабри 1978, Рино, Невада) — физикдони амрикоӣ. Узви Академияи илмҳои миллии ИМА (1947).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи донишгоҳҳои Лейден ва Амстердам. Солҳои 1927-46 дар Университети Мичиган дарс додааст. Проф. Университети Нортуэстерн (1946-48). Баъди шиносоӣ бо Ф. Пашен аз соли 1921 ба таҳқиқоти тайфшиносӣ машғул шуд ва худи ҳамон сол нахустин мақолаи илмии худро оид ба шарҳи релятивистии дублетҳои филиззоти ишқорӣ чоп кард. Сэмюэл Абраҳам Гаудсмит бо Ҷ. Уленбек дар натиҷаи таҳқиқоти якҷо соли 1925 спини электронро кашф карданд: дар асоси таҳлили тайфшиносии додаҳо пешниҳод намуданд, ки электрон бояд чун фирфира (чархзананда)-и дорои моменти механикии хосси баробар ба h/2 ва моменти магнитии хос (ки ба магнетони Бор баробар аст) баррасӣ гардад. Аз соли 1927 дар Университети Мичиган кор кардааст. Сэмюэл Абраҳам Гаудсмит бо Уленбек дар ҳамин университет мактаби тобистонаи физикҳоро кушоданд, ки дар он ҷо бисёр физикҳои номӣ: Эренфест, Крамерс, Ферми, Паули, Зоммерфелд, Дирак ва дигарон бо маърӯзаҳо баромад карданд. Соли 1933 Сэмюэл Абраҳам Гаудсмит бо шогирдаш Роберт Бэчер монографияе нашр карда, кӯшиш намуданд, ки дар он бори нахуст маълумот дар бораи савияи энергияи атом аз таҳқиқоти тайфшиносӣ бадастомадаро ҷамъбаст кунанд. Сэмюэл Абраҳам Гаудсмит соли 1948 дар лабораторияи Брукхейвен кор кардааст. Солҳои 1952—1960 сардори лабораторияи шуъбаи физика интихоб шуд. Солҳои 1951-74 — сармуҳаррири маҷаллаи Physical Peview (ахбори физикӣ). Сэмюэл Абраҳам Гаудсмит доктори фахрии Институти Кейза (1958), доктори Ун-тҳои Чикаго ва Юти (1972), доктори фахрии Университети шимолу ғарб (1975) буд. Барои хидматҳои шоён дар соҳаи физика бо орденҳои империяи Британия (1948), Оранж-Нассау (1977) ва медалҳои ба номи Карл Каптон (1974), «Озодӣ» (1946), ба номи Макс Планк (1964) сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Biografisch Portaal — 2009.
- ↑ 3.0 3.1 http://www.dwc.knaw.nl/biografie/pmknaw/?pagetype=authorDetail&aId=PE00000481 (ингл.)
- ↑ Uhlenbeck G., Goudsmit S. Ersetzung der Hypothese vom unmechanischen Zwang durch eine Forderung bezüglich des inneren Verhaltens jedes einzelnen Elektrons (ингл.) // Naturwissenschaften — Springer Science Business Media, 1925. — Vol. 13, Iss. 47. — P. 953—954. — ISSN 0028-1042; 1432-1904 — doi:10.1007/BF01558878
- ↑ 5.0 5.1 University of Nevada, Reno General Catalog 1978 - 1979 (ингл.) — 1978.
- ↑ (unspecified title) (ингл.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гаудсмит Сэмюэл Абраҳам / Ф. Саидбекова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.