Jump to content

Рианна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рианна
англ. Rihanna
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд англ. Robyn Rihanna Fenty
Таърихи таваллуд 20 феврал 1988(1988-02-20)[1][2][3] (36 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 2005 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Навъи садо метсо-сопрано[d]
Сабк мусиқии рақсӣ, ритм-н-блюзи муосир[d], мусиқии поп, регги[d], ҳип-ҳоп[d] ва electronic dance music[d]
Ношир(он) Def Jam Recordings[d], Westbury Road Entertainment[d] ва Roc Nation[d]
Ҷоизаҳо

Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2008)

Icon Award[d] (2013)

Grammy Award for Best Progressive R&B Album[d] (2014)

Humanitarian of the Year[d] (2017)

ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин сабти (мусиқӣ) рақсӣ[d] (2011)

Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2010)

Grammy Award for Best Rap Song[d] (2010)

Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2012)

Grammy Award for Best Music Video[d] (2013)

Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2015)

Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2018)

BRIT Award for International Female Solo Artist[d] (2011)

BRIT Award for International Female Solo Artist[d] (2012)

Time 100[d] (2018)

Соядаст
Соядаст
rihanna.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Рианна (англ. Rihanna); номи пурра - Робин Рианна Фенти (англ. Robyn Rihanna Fenty; тав. 20 феврали 1988, Барбадос) - овозхон, актриса, продюсери мусиқӣ, дизайнер ва хайрхоҳи барбадосӣ. Дар синни 16-солагӣ вай ба Иёлоти Муттаҳида кӯчид ва касби овозхониро пеш гирифт. Баъдтар вай бо Def Jam Recordings шартнома имзо гузошт.

Дар соли 2005 Рианна эҷодиёти аввалини худро Music of the Sun-ро баровард, ки ӯ тавонист ба топ 10 беҳтарин албомҳои Billboard 200 дохил шавад, ва сингли «Pon de Replay» дар чарти (ҷадвали) Billboard Hot 100 муваффақиятро ба даст овард. Камтар аз як сол баъд сароянда якумин албоми студиявии худро A Girl like Me-ро (2006) баровард, ки дар топ 5 чарти албомии Billboard устувор гашт, ҳамчунин суруди «SOS» аввалин сингли Рианна гашт, ки дар чарти Hot 100 тавонист ҷойҳои аввалинро забт кунад. Сеюмин албоми студияаш Good Girl Gone Bad (2007) дар худ чор хит-синглро «Umbrella», «Take a Bow», «Disturbia», «Don’t Stop the Music» доро буд ва соҳиби 9 номинатсияи ҷоизат «Грэмми» гашт, ки тавонист номзадии «Беҳтарин иҷрои муштарак (вокал/рэп)»-ро барои суруди «Umbrella» ба даст оварад, ки бо ҳамроҳии рэпер Jay-Z навишта шуда буж. Албоми чоруми студиявиаш бо номи Rated R дар моҳи ноябри соли 2009 баромад; якчанд сурудҳо аз ин албом ба гурӯҳи беҳтарин даҳгонаи синглҳо ворид шуданд, дақиқтараш синглҳои «Russian Roulette», «Hard» ва «Rude Boy», ки ҷойи аввали чарти Billboard Hot 100-ро соҳиб гаштанд. Панҷумин албоми студиявиаш Loud (2010) дар худ 3 сингли ҳаҷми аввала (первая величина)-ро доро буд: «Only Girl (In the World)», «What’s My Name?» ва «S&M». Шашум албоми студиявӣ бо номи Talk That Talk 18 ноябри 2011 баромад ва хит-сингли «We Found Love»-ро доро буд, ки 11-ум #1-и Рианна дар Hot 100 гашт ва дар ҷои аввал тӯли 10 ҳафта истод. Ҳафтум албом Unapologetic 19 ноябри 2012 хориҷ шуд ва ба эҳтимоли баромадаш лид-сингли «Diamonds» гувоҳӣ медод.[4][5]

Рианна бо зиёда аз 20 миллион нусхаи албом ва 60 миллион синглҳои фурӯхташуда яке аз пурфурӯштарин сарояндаҳои ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад.[6] Вай ҷавонтарин сароянда дар таърихи Billboard аст, ки чаҳордаҳ маротиба дар ҷадвали Billboard Hot 100 соҳиби ҷойи 1 шудааст.[7] То моҳи марти соли 2010, Рианна танҳо дар Иёлоти Муттаҳида 7,3 миллион албом ва беш аз 33,7 миллион сингл фурӯхтааст.[8][9] То моҳи июли соли 2015, зиёда аз 100 миллион нусхаи синглҳои сароянда фурӯхта шуд, ки Рианна аввалин ҳунарманди таърих аст, ки чунин нишондиҳандаро ба даст овардааст, мебошад.[10] Рианна аз ҷониби маҷаллаи Billboard ба унвони " Ҳунарманди рақамии эраи солҳои 2000 -ум" муаррифӣ шуд [11] ва дар маҷмӯъ дар байни ҳунармандони солҳои 2000-ум мақоми 17-умро ишғол кард.[12] Сароянда мукофотҳои зиёде ба даст овард, аз ҷумла дар соли 2007 World Music Awards барои номинатсияи Серхаридтарин сарояндаи поп ва Ҳунарманди сол ва инчунин дар маросими BRIT Awards номзадии Беҳтарин ҳунарманди занонаи байналмилалӣ.[13] Рианна ҳашт ҷоизаи Грэмми, шаш ҷоизаи American Music Awards ва ҷоизаи махсуси Icon Award, ҳаждаҳ ҷоизаи Billboard Music Awards-ро ба даст овардааст. 20 сентябри 2018 Сафири фавқулодда ва мухтори Барбадос дар Иёлоти Муттаҳида шуд [14][15]. Дар охири соли 2018, Рианна мақоми ҳафтумро дар рейтинги сарояндаҳои сердаромад дар ҷаҳон-2018, ки маҷаллаи Форбс тартиб додааст, ишғол кард. Даромади вай барои соли 2018 37,5 миллион доллар буд [16].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

1988—2004: Кӯдакӣ ва оғози кор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рианна 20 феврали 1988 дар шаҳри Сент-Майкл,Барбадос таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди калонии Моника Брэйтвэйт (англ. Monica Braithwaite), муҳосиби дар нафақаи пайдоишаш африқогайанаӣ, ва Роналд Фенти (англ. Ronald Fenty), инспектори анбори маҳсулот дар коргоҳи либоса.[17] Модараш зодаи Гайана мебошад, падараш бошад решаҳои барбадосӣ ва ирдандӣ дорад.[18] Рианна соҳиби ду бародари хурдӣ аст: Рорри ва Раҷад Фенти,[19] аммо, боз ду хоҳар ва боз як бародар аз тарафи падараш дорад, ки то издивоҷ бо модари ӯ ба воя расидаанд.[20][21] Ӯ зери таъсири мусиқи жанри Регги[22] калон шуд ва сароиданро дар синни ҳафтсолагӣ оғоз кард.[19] Кӯдакиаш хеле безеб гузаштааст: падараш ба крэк-кокаин, алкогол ва марихуана вобастагии зиёд дошт;[23] модари Рианна ва падараш ҷудо шуданд, вақте ӯ 14 сол дошт.[17] Аз ҳаштсолагӣ ва то ҷудошавии волидонаш ӯ аз дардҳои зиёди сар азият мекашид ва духтурон эҳтимол мебурданд, ки ӯ шояд варами мағзи сар дорад ва ба ӯ чандин озмоишҳои томографияи компютерӣ гузаронданд.[24]

Дискография

[вироиш | вироиши манбаъ]

Филмография

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Cunningham J. M. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=31636 (нем.)
  3. GeneaStar
  4. Trust, Gary Rihanna's 'What's My Name?' Rockets to No. 1 on Hot 100 | Billboard.com. Billboard (10 ноябри 2010). 12 ноябри 2010 санҷида шуд.
  5. Trust, Gary Weekly Chart Notes: Rihanna, Mariah Carey, Michael Jackson – Chart Beat | Billboard.com. Billboard (11 ноябри 2010). 12 ноябри 2010 санҷида шуд.
  6. Biography: Rihanna on German MTV(олмонӣ)(пайванди дастнорас — таърих). MTV. 21 сентябри 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июни 2012.
  7. Rihanna & Drake Rise to No. 1 on Hot 100 With 'Work'. Billboard. 19 марти 2016 санҷида шуд.
  8. New Rihanna Album Due 'This Fall' — The Juice | Billboard.com
  9. The Nielsen Company & Billboard’s 2010 Music Industry Report(пайванди дастнорас — таърих). Business Wire (6 Январ 2011). 18 августи 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июни 2012.
  10. Rihanna Is First Artist To Cross 100 Million Song Certifications, Becomes RIAA’s Top Awarded Singles Artist - RIAA(англ.). RIAA. 19 марти 2016 санҷида шуд.
  11. Up for Discussion Jump to Forums. Digital Songs Artist of the decade. Billboard(пайванди дастнорас — таърих). 29 июли 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 Декабри 2009.
  12. Artists Of The Decade Music Chart. Billboard. 11 июли 2011 санҷида шуд.
  13. The Associated Press. List of Grammy winners in major categories. Бойгонӣ шудааст 17 феврали 2011  сол. Проверено 17 феврали 2011.
  14. Рианна стала чрезвычайным и полномочным послом Барбадоса
  15. Rihanna — Ambassador Extraordinary & Plenipotentiary
  16. Самые высокооплачиваемые певицы мира — 2018. Фото | Forbes Woman(англ.). Forbes.ru (20 November 2018). 20 Декабри 2018 санҷида шуд.
  17. 17.0 17.1 Rihanna: Biography – Part 1 & 2. People(пайванди дастнорас — таърих). 16 Декабри 2008 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июни 2012.
  18. Spivey, Lisa. Rihanna, The New Cover Girl (Январ 2007), стр. B.5.
  19. 19.0 19.1 Watson, Margeaux. Caribbean Queen: Rihanna, Entertainment Weekly (22 июни 2007). Бойгонӣ шудааст 21 октябри 2014  сол. Проверено 27 ноябри 2008.
  20. Leigh, David. Rihanna’s secret family, The Sun (16 апрели 2011). Бойгонӣ шудааст 9 июли 2012  сол. Проверено 21 июли 2011.
  21. Clark, Noelene. Rihanna's secret family: two half-sisters, a half-brother — and two nieces, Los Angeles Times (18 апрели 2011). Проверено 21 июли 2011.
  22. Vena, Jocelyn. Rihanna Says Loud's 'Man Down' Is 'Gangsta', MTV News, MTV Networks (16 ноябри 2010). Бойгонӣ шудааст 6 августи 2011  сол. Проверено 27 июли 2011.
  23. Rihanna 1988- // Biography Today. — Omnigraphics, Inc., 2008. — Т. 17, № 2. — С. 90. — ISSN 1058-2347.
  24. Sreeraman. Doctors Feared That Young Rihanna Had Brain Tumour. Medindia(пайванди дастнорас — таърих) (24 июни 2007). 21 июли 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июни 2012.