Jump to content

Новгонсолор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новгонсолор
Сардӯшии новгонсолор дар Нерӯи дарёии Русия Нишони остини новгонсолор дар Нерӯи дарёии Русия
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناوگان‌سالار
Кишвар  Русия
Дараҷаи пойинтар Дарёсолор
Ҳамто

Новгонсолор (форсӣ: ناوگان‌سالار‎) — яке аз болотарин дараҷаҳои солорӣ дар нерӯи дарёӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст; адмирал флота.

Новгонсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳи олии нерӯи дарёии кишварро дорад.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Дарёсолор

Новгонсолор
Дараҷаи болотар:

«Новгонсолор» ба маънои «фармондеҳи нерӯи дарёӣ» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (новгон) исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

новгон (форсӣ: ناوگان‎ ‘маҷмуъае аз киштиҳои ҷангӣ’)[1] солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-)[2].

«Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[3].

Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[4] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحرамиру-л-баҳр «дарёсолор»[5][6]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.

7 майи 1940 дар Новгони дарёии Иттиҳоди Шуравӣ дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-ад­мирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.

Истилоҳи «дарёсолор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри якум» (аз ар. أمیرالبحر‎ < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[7].

Ному нишони новгонсолор дар нерӯи дарёии бархе аз кишварҳои ҷаҳон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
  2. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2.
  3. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
  4. М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
  5. A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
  6. Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод.. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  8. Postos da Marinha(порт.). faa.ao. Angolan Navy. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 сентябри 2022.
  9. Badges of rank. defence.gov.au. Department of Defence (Australia).
  10. Admiralty Ranks. navy.mindef.gov.bn. Royal Brunei Navy. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 октябри 2022.
  11. Oznake činova (hr). osrh.hr. Republic of Croatia Armed Forces (1 April 2019).
  12. Ranks & Insignia. Join Indian Navy.
  13. Pangkat (ms). mafhq.mil.my. Malaysian Armed Forces. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2020.
  14. Smaldone, Joseph P. (1992). "National Security". In Metz, Helen Chapin. Nigeria: a country study. Area Handbook (5th ed.). Washington, D.C.: Library of Congress. pp. 296–297. LCCN 92009026. Retrieved 21 October 2021. 
  15. Badges of Rank. nzdf.mil.nz. New Zealand Defence Force. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июли 2020.
  16. Sposób noszenia odznak stopni wojskowych na umundurowaniu Marynarki Wojennej(лаҳс.). wojsko-polskie.pl. Armed Forces Support Inspectorate.
  17. Приказ Министра обороны Российской Федерации от 09.10.2020 № 525 (Зарегистрирован 16.11.2020 № 60927) (in русӣ). publication.pravo.gov.ru/. 17 November 2020. pp. 320–323. Retrieved 15 September 2021. 
  18. TÜRKMENISTANYŇ KANUNY Harby borçlulyk we harby gulluk hakynda (Türkmenistanyň Mejlisiniň Maglumatlary 2010 ý., № 3, 58-nji madda) (Türkmenistanyň 01.10.2011 ý. № 234-IV Kanuny esasynda girizilen üýtgetmeler we goşmaçalar bilen)(туркман.). milligosun.gov.tm 28-29. Ministry of Defense (Turkmenistan).
  19. Shaping your career. royalnavy.mod.uk. Royal Navy.