Jump to content

Маракана

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Номи пурра Марио Филю
Номи аслӣ Estádio do Maracanã
Мавқеъ Рио-де-Жанейро, Бразилия
Шурӯъ ба сохтмон 1948
Бунёд 1950
Санаи ифтитоҳ 16 июни 1950
Бозсозӣ (19992000);
(20052007);
(20102012)
Молик Рио де Жанейро
Зарфият 78 838
Дастаи асосӣ Фламенго
Флуминенсе
Мунтахаби Бразилия
Андозаҳои майдон 110 x 75 м
105 x 68 м пас аз соли 2014
Навъи замин сабза
Сайт suderj.rj.gov.br/maracan…
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Варзишгоҳи Маракана́» (португалӣ: Estádio do Maracanã), номи расмии варзишгоҳ «Ма́рио Фи́лю» (португалӣ: Estádio Jornalista Mário Filho) — аввалин варзишгоҳи футбол аз рӯи зарфият дар Бразилия, дар гузашта — бузургтарин дар ҷаҳон. Дар Рио-де-Жанейро ҷойгир аст. Арсаи асосии бошгоҳҳои «Фламенго» ва «Флуминенсе», ҳамчунин мунтахаби Бразилия барои ҳамаи сину сол мебошад.

Номи «Маракана» аз дарёчае, ки аз назди он мегузарад гирифта шуда, сохтмони ин варзишгоҳ соли 1948 бо мақсади гузаронидани чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 1950 шурӯъ гардида буд.

Намуди дохилии Вазишгоҳи Маркана, лаҳзае пеш аз аввалин мусобиқаи байни Фламенго ва Сан-Паулу чемпионати Бразилия дар соли2010
Намуди дохилии Вазишгоҳи Маркана, лаҳзае пеш аз аввалин мусобиқаи байни Фламенго ва Сан-Паулу чемпионати Бразилия дар соли 2010

Бозиҳои олимпии тобистона 2016

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозиҳои XXXI олимпии тобистонаи соли 2016 дар варзишгоҳи "Маракана"-и Рио-де-Жанейро дар Бразилия 5 август соати 19:55 ба вақти маҳаллӣ (6 август соати 03:55 ба вақти Душанбе) оғоз шуд. Дар маросими ифтитоҳи Олимпиада, ки се соат идома дошт, сарони 45 кишвари дунё ширкат карданд.[1]