Jump to content

Манучеҳр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Манучеҳр
Нигора
Шаҳрвандӣ
Зодгоҳ
Фарзандон Нӯзар
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Манучеҳр (авестоӣ: Manušciθra-, Манушчитра, «зодаи Мануш», порсии миёна: Manučihr, Манушчиҳр, форсӣ: منوچهر‎) — яке аз подшоҳони пешдодӣ аз табори Фаридун аст ва ба кинхоҳии ниёи хеш Эраҷ, Салм ва Тӯрро мекушад. Пас аз онки Манучеҳр подшоҳи пешдодӣ тавассути Афросиёб дар Табаристон муҳосира шуд, бар сари сулҳ тавофуқ карданд ва Манучеҳр пешниҳод дод, ки тӯронён замине ба андозаи партоби як тир ба ӯ бозгардонанд ва Афросиёб низ пазируфт. Фаришта Испандормаз ба Манучеҳр дастур дод то тиру камони махсусе аз чӯбу оҳан ва пари уқоб омода кунад. Ба Ораш, ки тирандози моҳире буд дастури тирандохтан дода шуд…

Дар Шоҳнома Манучеҳр писари Пушанг аст, модари Манучеҳр, духтари Эраҷ ва Моҳофрид аст.