Каздон
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Шамтуч |
Раиси маҳалла | Тура Раҳмонов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 3 000 м |
Минтақаи замонӣ | UTC 5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2134 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | 992 |
Каздон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вожаи Каздон мураккаб буда, аз ду ҷузъ иборат аст. Ҷузъи аввал «казд» ва ҷузъи дуюми онро «он» ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар забони форсӣ бо номи «Канздон» ва «Гаждон» номҳои ҷуғрофие мавҷуд аст. Вожаи «канзд» номи ҷой, ҷойгоҳ мебошад. Ё ин ки Каздон (=казд ойно) ҷойгоҳи мардуми муъҷизаофар, аҷиб. Вожаи мавриди андеша дар фарҳанги суғдӣ дар шаклҳои kaž kj, krz; karž омада маънои «муъҷиза, эъҷоз, сеҳрро» дорад[1].
Ҷуғрофиё ва аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз деҳа то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 60 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 2134 нафар (2017), тоҷикон.
Обҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Каздон аз захираи об хеле бой аст. Дар кӯҳу дараҳо бештар аз 350 чашма, 12 сойҳои хурде мавҷуданд. Обҳо аз барфу пиряххо манша мегиранд. Саргаҳи дарёи Каздон Муллошаршара аст, ки он дар баландии 3000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз баландии 134 метр, аз дили санги азиме ба поён мерезад. Баландтар аз он дар масофаи тахминан 3500 метр аз сатҳи баҳр ҳавзи нилгуне бо номи Ҳавзи Бетаг миёнҷои сангҳо ҷойгир аст[2].
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 китобхона[3] хонаи саломатӣ, 5 мағоза, дорухона, сартарошхона, ҷойи ҷамъиятӣ, ошхона, чойхонаи ҷамъиятӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, 2 бӯстонсаро, хоҷагии колективии «Тоҷикистон», 3 осиёи обӣ, 1 осиёи барқӣ, сехи коркарди чубу тахта, нуқтаи фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ, автосервис, устохонаи оҳангарӣ, толори варзишӣ, масҷиди ҷомеъ дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо ва дарёи Каздон обёрӣ мешаванд.
Маҳаллаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳалаҳои деҳаи Каздон | |||||||||||
Маҳалла | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Бӯстон | |||||||||||
Гулистон | |||||||||||
Миёна |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ёдгориҳои таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Масҷиди Каздон дар маркази деҳа ҷой гирифтааст. Он дорои мустаҳабхона, ҳаммом ва аловхона буда, дохили масҷид аз 14 офоқ, 13 сутун, дари даромад, айвони он аз 6 офоқ, 5 сутун иборат мебошанд. Масҷид соли 1725 сохта шуда, солҳои 1813—1815 ва соли 1914 тармим карда шудааст[4].
Шахсиятҳои маъруфи Каздон
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз қадимулайём ин рустои хурдакак бо бузургону донишмандонаш дар водии Зарафшон шуҳрату овоза доштааст, ки номи он бузургмардон ханӯз вирди забони хосу оми ин водист. Мулло Мирфозил, Муллоҳоҷӣ, Муллобердӣ, Эшони Ҳоҷӣ ва нафарони зиёди дигар хатмкардагони мадрасаҳои Бухоро будаанд.
Аз шахсиятҳои маъруфи имрӯзи деҳа инҳоро номбар кардан мумкин аст: Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов, шоири зиндаёд Махсум Олимӣ, олимони соҳаҳои гуногун Мирзомурод Саидов, Бахшулло Ҷумъаев, Насриддин Олимов, Ризо Хокироев, Ҳамза Боқиев, рӯзноманигори варзида, Раиси хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон Мухтор Боқизода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анбоз» Халифабобо Ҷумъазода, муаллифи маҷмӯаи шеърии «Насими Каздон» шоир Шоҳи Каздонӣ, рӯзноманигор ва аккоси тавоно Саидаҳмади Акрампур, муовини якуми директори ТВ Синамо Комрон Сафаров, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Меҳруддин Шарипов, ҳамчунин Зикрулло Зубайдов, Муҳаммад Бердиев, Абдушукур Хокироев, Мулломир Шоев, Шопури Форс, Мирзонавот Авезов, ва Махсуми Муллоҳоҷӣ нафарони зиёди дигар[5].
Иштирокдорони ҶБВ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мардони бо нангу номуси Каздон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳифзи марзу буми Ватан чангидаанд[6]:
- Авезов Рачаб
- Авезов Кенҷабой
- Боқиев Сайидбурҳон
- Боев Бобочон
- Дилшодов Шоди
- Зубайдов Қурбон
- Каримов Юсуф
- Қурбонов Ато
- Қурбонов Бобо
- Мирзоев Раҳмон
- Мирзошоев Бобо
- Мирзошоев Мирзо
- Мирзошоев Шомад
- Саидов Аҳмад
- Сайидов Сайидакрам
- Тиллоев Ҳотам
- Тиллоев Мирбадӣ
- Хокироев Мирзогиё
- Шарипов Саидмирзо
- Шарифов Иброҳим
- Шарифов Миршариф
- Мавлони Мирзораҳим (додари Мулоберди)
- Шоев Неъмат
- Шомирзоев Табарук
- Шоев Мирқарор
- Эвазов Рачаб
- Файзуллоев Бадал
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сайфиддин Мирзоев. Перомуни этимологияи вожаи Каздон ва бархе аз мавзеъҳои он. http://kazdontj.blogspot.com. 28 ноябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Каздонӣ Раҳмонзода. Обҳои дохилии деҳа(тоҷ.). Гурӯҳи фейсбукии Каздон. Facebook (15 Январ 2016). 28 ноябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Китобхонаҳои ноҳияи Айнӣ(тоҷ.). www.asiri.tj. 23 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 ноябри 2017.
- ↑ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ёдгориҳои таърихию меъмории Тоҷикистон. vfarhang.tj.(пайванди дастнорас)
- ↑ Фарзон НАЗРӢ. Каздон – маҳзари фарзонагон(тоҷ.). Гурӯҳи фейсбукии Каздон. Facebook (2016-0115). 28 ноябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Каздонӣ Раҳмонзода. Санги хотираи иштирокчиёни ҶБВ(тоҷ.). Гурӯҳи фейсбукии Каздон. Facebook (15 Январ 2016). 28 ноябри 2017 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- КАЗДОН — блоги Мухтор Боқизода. 23 ноябри 2017 санҷида шуд.
- Саҳифаи расмии Каздон дар шабакаи иҷтимоии Facebook
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- Каздон // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).
Ин мақолаи нопурра аз ҷуғрофияи Тоҷикистон мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. |