Гетинакс
Гетинакс — масолеҳи электроизолятсионии манганашудаи қабат-қабати асосаш коғазӣ, ки бо зифтҳои фенолию формалдегидӣ ҷаббонда шудааст.
Барои ҳосил кардани гетинакс ба ҷуз коғази аз селлюлозаи сулфитию сулфатӣ истеҳсол-шуда ва коғази сулфатию матоӣ коғази асбестиро низ истифода мебаранд, ки селлюлозаи ношуста (асбогетинакс) ва коғази сунъӣ (органогетинакс) дорад. Гетинаксро баъзан бо фолгаи мисин, матоъи пахтагин, асбестӣ ё шишагӣ рӯйпӯш мекунанд, қабати дарунии гетинаксро баъзан аз матоъ ё тӯри филиззӣ месозанд. Зичии гетинакс 1,2-1,4 г/см3, устувориаш нисбат ба ёзиш 70-160 МПа ва нисбат ба хамиш 75-150 МПа, муқовимати электрии хоссаш 1010—1017 Ом.см аст. Гетинаксро дар истеҳсоли ҷузъҳои электрии изолятсионии радиову телевизор, трансформаторҳо, тарҳҳои чопӣ, втулкаҳо, чархҳои дандонадор ва ғайра, инчунин ба сифати масолеҳи ороишӣ барои рӯйпӯш кардани мебел, дохили киштиҳо ва ғ. истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гетинакс // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.