Гесӯ (сурати фалакӣ)
Номи расмӣ | лот. Coma Berenices[1] |
---|---|
Номи кӯтоҳ | Com |
Номида ба шарафи | Berenice II[d] ва head hair[d] |
Ҳаммарз бо | Canes Venatici[d], Ursa Major[d], Leo[d], Virgo[d] ва Авво |
Кошиф | Conon of Samos[d] |
Таърихи кашф | 245 то м. |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гесӯ, Шаърулбанус, Гесӯи Вероника (лот. Coma Berenices) — бурҷи Нимкураи шимолии Осмон.
Қадри ситорагонаш ба 4m,2 баробар аст. Масоҳаташ 386 дараҷаи квадратӣ, қадри ситоравии 50 ситорааш то 6m,0 аст. Дар ин бурҷ қутби шимолии Галактикаи мо ва ҳазорҳо галактикаҳову садҳо тарокуми онҳо ҷойгиранд. Ситораи дурахшонтарини бурҷ ɑ-Гесӯ буда, тобишаш ба 4m,26 аст. Ситораи ягонаи номи хусусӣ доштааш β-Гесӯ — Диадема дорои ҷилои 4m,32 мебошад. Ба шарафи гесӯҳои маликаи мисрӣ Береника (дар астрономия — Вероника) бахшида шудааст, ки ба ифтихори дар ҷанги суриён ғалаба кардани шавҳараш — фиръавни Мисри Қадим Батлимус Эвергет (асри 3 то м.) муйҳои зебояшро бурида, қурбонии худоён кардааст. Гесӯ ҳамчун бурҷи алоҳида соли 1602 ба зиҷи Тихо Браге дохил карда шудааст. Мавқеи ҷойгиршавии Гесӯ дар осмони ситоразор: фарози мустақим (ɑ) аз 11h 52m то 13h 30m ва майл (δ) аз 14° то 34°. Аз ҳудуди Тоҷикистон дар моҳҳои март — апрел хуб мушоҳида мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гесӯ / А. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.