Jump to content

Гардез

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гардез
пашту: ګردېز
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 2 300 м
Минтақаи замонӣ UTC 04:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 70 000 тан (2008)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гарде́з (пашту: ګردېز‎, дарӣ: گردیز Gardēz) — шаҳр дар Афғонистон (дар ҷануби Кобул). Маркази маъмурии вилояти Пактиё.

Дар воҳаи Гардез, дар сари роҳҳои автомобилгард (ба сӯйи Кобул, Ғазнӣ, Покистон) ва корвонгузар байни кӯҳҳои Сулаймон ва Ҳазораҷот воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 75000 нафар (2013). Дар баландии 1000 м аз с. б. ҷойгир аст. Солҳои 1980-87 дар Гардез пойгоҳи калони низомии Иттиҳоди Шӯравӣ (артиши 40-ум) ҷойгир шуда, ҳангоми амалиётҳои ҳарбӣ дар шоҳроҳи стратегии Гардез — Хост (Матун) нақши муҳим дошт. Соҳаҳои асоси хоҷагӣ: чорводорӣ (бузу гӯсфандпарварӣ), сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳояш аз дарёи. Гардез обёрӣ мешаванд.

Гардез зодгоҳи муаррихи садаи XI Гардезӣ мебошад. Дар Гардез собиқ президенти Афғонистон Муҳаммад Наҷибулло таваллуд ва дафн шудааст.

  • بصیراحمددولتآبادی. شناسنامۀافغانستان. تهران — قم،۱۳۷۱ش