Вуҷуд
Вуҷуд (ар. وجود – ҳастӣ) — яке аз мақулаҳои муҳимми фалсафӣ, ки ҳастии олами айнӣ ва воқеъиро ифода мекунад.
Таърихи мафҳуми вуҷуд
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мактаби фалсафии тосуқротии Юнони Қадим олами кайҳонии фанонопазири комил кулли ҳастии олами моддӣ пиндошташуда, он ба адам (нестӣ) муқобил гузошта мешуд. Афлотун олами маҳсусро ба вуҷуди ҳақиқии олами мусул (ғояҳо) муқобил гузошт ва Арасту шаклро ба хусусияти вуҷуд созгор дониста, вуҷуди ҳиссӣ ва вуҷуди ақлиро аз ҳам ҷудо намуд. Дар фалсафаи аҳди қадими Эрон ҳамаи мавҷудоти олами миноӣ ва гетӣ вуҷуд номида мешуд, ки навъҳои гуногун (муҷаррад ва моддӣ) доштанд. Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ вуҷуд дар мактабу мазҳабҳои гуногун ба таври мухталиф шарҳу таъбир шудааст.
Абунасри Форобӣ нахустин файласуфи исломист, ки дар бораи фарқи вуҷуд ва моҳият сухан ронда, ин масъаларо вориди баҳси фалсафӣ намуд. Ӯ дар рисолаи «ал-Масоилу-л-фалсафия ва-л-аҷвибату анҳо» масъалаи вуҷудро дар мисоли «инсон мавҷуд аст» собит карда, ба як силсила пурсишҳое, ки мутакаллимон матраҳ намуда буданд, посух дод ва миёни вуҷуд ва моҳият фарқ гузошт. Ибни Сино баҳси вуҷудро инкишоф дода, дар таълимоти ҳастишиносии худ вуҷудро ба вуҷуди воҷиб, вуҷуди мумкин ва вуҷуди мумтанеъ тақсим намуд. Ӯ дар «Донишнома» навиштааст: «Ҳар чӣ варо ҳастӣ ҳаст, ё ҳастии вай ба худ воҷиб аст ё нест. Ва ҳар чӣ ҳастии вай ба худ воҷиб нест, ё мумтанеъ аст ё мумкин». Пас, вуҷуди воҷиб, ки қоим ба зоти хеш аст, Худост, вуҷуди мумкин, ки шарти буданаш иллат (ба ғайр) аст, мумкинулвуҷуд ва агар вуҷуд иллат надошта бошад, мумтанеъулвуҷуд аст. Ибни Сино на фақат зиёдати вуҷуд бар моҳиятро матраҳ мекунад, балки дар бораи тафовут миёни сабаби вуҷуд ва иллати моҳият сухан гуфта, ин баҳси умдаи ҳастишиносиро ба низоми фалсафӣ дохил мекунад. Ӯ сабаби мавҷудияти вуҷудро сабаби фоилӣ (ғоӣ) медонад. Аз нигоҳи Ибни Сино асли асосӣ вуҷуд аст ва моҳияте, ки аз вуҷуд дар зеҳн пайдо мешавад, як амри эътиборист. Зарурати ҷудо намудани вуҷуд аз моҳият посухе ба мубоҳисаҳои мавҷуди каломӣ ва ирфонӣ роҷеъ ба эътиборӣ будани вуҷуд ва асолати моҳият буд.
Намояндагони ҳикмати ишроқ ва тасаввуф, ки вуҷудро амри эътиборӣ пиндошта, онро ҳамчун моҳият аз вуҷуди Ҳақ содиршуда медонанд, ба тартиби онҳо дар низоми офариниш исрор надоштанд. Мирдомод вуҷуди зоти Илоҳиро ҳастии сирф ва вуҷуди маҳз ба қалам дода, дар бораи мавҷудияти мумкин бо сароҳати том асл будани моҳият ва фаръ будани вуҷудро эълон доштааст. Вуҷуд мафҳуми масдарӣ буда, дар зумраи умури эътиборӣ қарор мегирад. Садруддини Шерозӣ масъалаи вуҷудро ба тарзи дигар ҳаллу фасл намудааст. Ӯ вуҷудро ҳақиқати воҳиди мунбасите мепиндорад, ки зинаву мартабаҳои он ҳамчун касрати вуҷуд бо хусусиятҳои шиддату заъф, ғанову фақр аз ҳам тафовут доранд. Ҳамин нуктаи таълимоти Садруддини Шерозӣ боиси пайдоиши ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ, аз ҷумла экзистенсионализм ва позитивизм дар Ғарб гашт. Дар фалсафаи давраи эҳё вуҷуд ҳамчун ҳастии воқеӣ объекти маърифат ва инсон ҳамчун субъекти маърифат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Назарияи асолати вуҷуд мухолифону тарафдорони худро дорад. Мухолифони он, аз ҷумла, мутафаккирони асрҳои миёна Иброҳими Динонӣ, Шайх Раҷабалии Табрезӣ, Алиқулӣ ибни Қарочғойхон, Қозӣ Саиди Қумӣ; аз файласуфони муосир Ҳоири Мозандаронӣ ва Мирзо Ҷаводоқои Теҳронӣ ҳастиро моҳият ва вуҷудро амри эътиборӣ мешуморанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Султонов У. Ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Абуалии Сино. Д., 1975;
- Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ. 1. Д., 1981;
- Философский энциклопедический словарь. М., 1983;
- Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины. Д., 1989;
- Хазраткулов М. Философские взгляды Садруддина Ширази. Д., 1985;
- آملی حیدر. جامع الاسرار. تهران، ۱۳۲۷ ش.؛
- حائری مازندرانی. ودایع الحکم. حکمت بو علی سینا. تهران، ۱۳۲۷ ش.؛
- صدرالدین شیرازی. المشاعر. تهران، ۱۳۴۲ ش.؛
- آشتیانی جلال الدین. منتخباتی از آثار حکمای الهی ایران. تهران، ۱۳۵۱ ش.؛
- میرداماد محمد باقر. القبسات. تهران، ۱۳۵۶ش.؛
- ابن عربی. الفتوحات المکیة. القاهرة، ۱۹۷۴؛
- احسائی احمد. شرح المشاعر. تهران، ۱۳۶۶ ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вуҷуд / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.