Вискозиметр
Вискозиметр (лот. viscosus — часпон, ғилзат ва метр) — асбоб барои чен кардани ғилзати динамикӣ ва кинематикии модда. Вискозиметрҳо капиллярӣ, ҳаммеҳвар (ротатсионӣ), бо саққои афтон, ултрасадоӣ, бо зонди ларзон ва ҳубобчавӣ мешаванд.
Дар вискозиметри капиллярӣ (ки ба қонуни Пуазейл асос ёфтааст) вақти ҷоришавии ҳаҷми муайяни моеъ ё газро, ки аз найчаи борики буришаш мудаввар ҳангоми муайян будани фарқи фишорҳои додашуда мегузарад, ба ҳисоб гирифта, ғилзати онро чен мекунанд. Вискозиметри капиллярӣ (мас., вискозиметри Уббелод) ғилзати моддаро аз 10 мкПа·с (газҳо) то 10 кПа·с (моддаҳои молидании ғализ) ё 10–5 Н·с/м2 то 104 Н·с/м2 муайян мекунад. Вискозиметри ҳаммеҳвар (ротатсионӣ) аз ду ҷисми ҳаммеҳвар (устувона, махрут, доира ё маҷмӯи онҳо) иборат аст, ки якеаш тоб мехӯрад (ротор) ва дуюмаш ноҷунбон мебошад. Фазои байни ҷисмҳоро бо моддаи таҳқиқшаванда пур карда, роторро ба ҳаракат медароранд. Ғилзатро аз рӯйи нишондоди суръати кунҷӣ (он ба ғилзати модда вобаста аст) ҳангоми муайян будани моменти тобхӯрӣ ҳисоб мекунанд. Фосилаи кори вискозиметри ҳаммеҳвар аз 1 мПа·с то садҳо ҳазор Па·с ё аз 4 то 105 Н·с/м2 мебошад. Вискозиметри ҳаммеҳварро барои чен кардани ғилзати равғанҳои молиданӣ, маҳсулоти нафтӣ, силикат ва филиззоти гудохташуда, локу сирешҳои фавқулғализ ва ғ. истифода мебаранд. Дар вискозиметр бо сақ-қои афтон, ки ба қонуни Стокс асос ёфтааст, ғилзат аз рӯйи суръати гузаштани саққо аз масофаи байни нишондиҳандаи ҷадвали найчаи вискозиметр муайян карда мешавад. Яке аз вискозиметрҳои маъмул вискозиметри Ҳепплер буда, ҳадди андозагириаш аз 6·10–4 Н·с/м2 то ба 250 Н.·с/м2 мерасад. Тарзи кори вискозиметри ултрасадо ба чен кардани суръати хомӯшшавии лаппишҳо дар лавҳачае, ки ба моддаи муоинашаванда ғӯтонида мешавад, асос ёфтааст. Аз таъсири импулсҳои кӯтоҳи ҷараён (давомоташон 10–30 мк/с) дар ғалтаке, ки ба лавҳача печонида шудааст, лаппиш пайдо мешавад. Ҳангоми лаппиши лавҳача дар ғалтак ҚЭҲ-е ҳосил мешавад, ки бо суръати ба ғилзати модда вобаста кам мегардад. Ҳангоми аз ҳадди муайян кам шудани ҚЭҲ ба ғалтак боз импулси нави ангезанда интиқол меёбад. Ғилзати муҳитро аз рӯйи басомади омадани импулсҳо муайян мекунанд. Вискозиметри ултрасадоӣ ғилзатро дар фосилаи аз 10–3 то 500 н·с/м2 чен мекунад. Дар вискозиметр бо зонди ларзон ғилзатро аз рӯйи тағйирёбии басомади резонансии лаппишҳо дар моеъҳои гуногунғилзат ва дар вискозиметри ҳубобчавӣ аз рӯйи муайян кардани нишондодҳои ҳаракати ҳубобчаҳои газ, ки озодона ба рӯйи моддаи муоинашаванда мебароянд, муайян менамоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.