Варақаи иҷро
Варақаи иҷро — яке аз намуди ҳуҷҷатҳои иҷро буда, аз ҷониби суд дар асоси санадҳои судии (ҳалнома, ҳукм, таъйинот, қарор) эътибори қонунӣ пайдокарда дода мешавад. Варақаи иҷро ба иҷрочиёни суд, ки дар судҳои ноҳия, шаҳр фаъолият доранд, барои маҷбуран иҷро кардан супорида мешаванд. Иҷрои санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан аз ҷониби иҷрочиёни Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд. Варақаи иҷро оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ барои иҷро кардан ба мақомоти андоз аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани қарздор фиристода мешавад (м. 198 КМХ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар варақаи иҷро номи суде, ки онро (варақаи иҷроро) додааст, парвандаи баррасишуда, вақти баровардани санади судӣ, хулосаи санади судӣ (калима ба калима), вақти эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ, вақти додани варақаи иҷро, номи рӯёнанда ва қарздор ва сурогаи онҳо сабт карда мешавад варақаи иҷро КМГ (моддаи 365-366) ва КМХ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби додани нусхаи дуюми варақаи иҷроро (дубликатро) муқаррар кардааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 118