Jump to content

Бол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бол — узвест, ки ҷонварон ба тавассути он парвоз ва ҳаракат мекунанд.

Баъзе бандпойҳо (аксари ҳашарот), ҳамаи парандаҳо ва баъзе ширхӯрҳо (кӯршабпарак) бол доранд. Ҳамчунин калтакалосҳои паррони мунқариз бол доштанд. Сохт ва пайдоиши бол гуногун аст. Дар ҳашарот вазифаи болро унсури лавҳашакл, ки аз пардаи пурчини қисми миёна ва қафои тӯш инкишоф ёфтааст, иҷро мекунад. Аз бол рагҳои зиёд мегузаранд. Онҳо ба бол устуворӣ бахшида, барои ворид гаштани гемолимфа, трахея ва торҳои асаб заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Боли ҳашарот, одатан ду ҷуфт аст. Дар ҳашароти дубола танҳо болҳои пеш ва дар бодбезакболҳо болҳои ақиб инкишоф ёфтаанд. Аз рӯйи сохт ва миқдори рагҳо бол тӯр-тӯр (мас., боли сӯзанак) ва пардаӣ (мас., дар пардаболҳо ва ростболҳо) мешавад. Болҳои тӯр-тӯр серраг мебошанд; болҳои пардаӣ рагҳои кам доранд. Дар гамбускҳо (сахтболҳо) болҳои пеш ё болоии муҳофизатӣ сахт буда, дар вақти оромӣ болҳои дигарро пурра мепӯшанд. Дар илми систематика (мас., дар ҳашарот) сохти бол аломати хеле муҳим аст. Бол ҳангоми парвоз мушакҳоро ба ҳаракат медарорад. Баъзе ҳашарот дар як соат то 1000 бор бол мезананд. Боли парандаҳо пойҳои пеши шаклан тағйирёфта мебошанд. Асоси болро устухонҳои кифт, банди даст ва ангуштон ташкил медиҳанд. Боли парандаҳо бо шоҳпар ва парҳои патдор пӯшида шудаанд. Парҳои боли парандаҳо чун сафолаки бомпӯшӣ болои ҳам мехобанд. Боли парандаҳо ба хусусияти парвози онҳо вобаста аст. Боли кӯршабпарак аз пӯстпардае, ки дар байни чор ангушти дарози пойҳои пеш, тан ва пойҳои ақиб қарор дорад, иборат аст. Дар баъзе намудҳои кӯршабпарак парда қисми думро низ фаро мегирад. Баъзе моҳиён ва ҷонварони дарахтгард низ ҷиҳози шабеҳ ба бол доранд, вале сохти он билкул дигар буда, фақат барои ҷаҳидан ба масофаи дуртар имконият медиҳад.