Jump to content

Бодлесӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳавозадагии ҷангалӣ

Бодлесӣ, бодхӯрдашавӣ — ҷараёни вайроншавии маъданҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, ки дар рӯйи замин ва минтақаи ба сатҳи замин наздик дар натиҷаи пасту баланд шудани ҳарорат, таъсироти механикию кимиёии атмосфера, обҳои зеризаминию рӯизаминӣ ва фаъолияти ҳаётии организмҳо ба амал меояд.

Вобаста ба хусусияти муҳит бодлесӣ атмосферӣ ва зериобӣ мешавад. Бодлесии зериобӣ тағйирёбии кимиёию минералогии таҳнишастҳои нахустини қаъри ҳавзаҳои об буда, зери таъсири ҷараёни ҳалшавӣ, оксидшавӣ ва ғ. ба амал меояд. Бодлесӣ вобаста ба тарзи таъсир физикавӣ (механикӣ), кимиёӣ ва биологӣ (органикӣ) мешавад. Дар натиҷаи бодлесии физикавӣ (тағйир ёфтани ҳарор., ях бастани об ва об шудани он дар тарқишҳо, бухор ва шӯшабандии намакҳои таркиби об) ҷинсҳои кӯҳию маъданҳо вайрон ва пора-пора мешаванд. Ҳангоми бодлесии кимиёӣ (таъсири обҳое, ки кислота ва ишқор доранд) таркиби кимиёии ҷинсҳои кӯҳӣ тағйир ёфта, маъданҳои нав ҳосил мегарданд. Бодлесии биологӣ зери таъсири фаъолияти организмҳо ва маҳсули ҳаётгузаронии онҳо ба амал меояд, ки дар натиҷаи он ҷинсҳои кӯҳӣ ба таври механикӣ пора-пора мешаванд ё таркибашон тағйир меёбад. Дар табиат, одатан, тамоми намудҳои бодлесӣ дар як вақт, вале вобаста ба шароити муҳит, минтақаҳои иқлимӣ ва баландӣ аз с. б. ин ё он бодлесӣ афзалият дорад. Дар теппаҳо, балдандкӯҳ ва минтақаҳои қутбии камнам бештар бодлесии физикавӣ рух медиҳад. Дар минтақаҳои намнокиашон мӯътадили тропикӣ ва субтропикӣ бодлесии кимиёӣ ва биологӣ бартарӣ доранд. Бодлесии физикавӣ пеш аз бодлесии кимиёӣ ба амал омада, ҷинсҳоро пешакӣ барои бодлесии кимиёӣ тайёр мекунад. Дар натиҷаи бодлесӣ шаклҳои махсуси релйеф, навъҳои мухталифи қишр – мулоим, ковок, бештар гил пайдо мешавад, ки аз пораҳои ҷинсҳои кӯҳии аввалия ва минералҳои нави ба шароитҳои фишору ҳарор. паст устувор ва бисёр сарватҳои зеризаминӣ (каолин, рег, маъданҳои оҳан, алюминий, манган, никел ва ғайра) иборат аст. Дар натиҷаи аз тарқишҳо воридшавӣ ва омезишу гардиши обҳои рӯизаминии сероксиген ва обҳои зеризаминӣ равандҳои бодлесӣ то умқи 0,5–1 км зоҳир мешаванд.

  • Казанский Ю. П. Выветривание и его роль в осадконакоплении. М., 1969;
  • Выветривание и литогенез. М., 1969.