Jump to content

Баргхӯраки карам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Капустница
Модинаи баргхӯраки карам
Модинаи баргхӯраки карам
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Pieris brassicae Linnaeus, 1758

Баргхӯраки карам (лот. Pieris brassicae) — як навъ шапараки зараррасон.

Болаш сафеди нӯгсиёҳ. Дарозиаш 55-60 мм, наринааш назар бо модина хурд буда, дар зери болҳои пеш ду холи сиёҳ дорад. Тухмаш зарди шишагун (дарозиаш 1-2 мм), кирминааш сабзи зардтоб; баданаш бо мӯякча фаро гирифта шуда, холҳои сершумор дорад. Зочааш зарди сабзтоб (дарозиаш 23 мм). баргхӯраки карам дар водиҳо, кӯҳу доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ (то баландиҳои 3000-3200 м аз с. б.) зиндагӣ мекунад. Ғайр аз карам ба рустаниҳои дигар низ зарар мерасонад. Шапаракҳо баъди 4-5 шабонарӯзи ҷуфт шудан дар барги рустаниҳо, аз ҷумла дар барги карами пешпазак 15-18 тухм мегузоранд.

Дар шароити Тоҷикистон баргхӯраки карам вобаста ба иқлими маҳал 3-6 (дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои пахтакори вил. Суғд то 4, водии Вахш то 5-6) маротиба насл медиҳад. Ҳар шапарак дар ҳаёташ то 250—300 тухм мемонад. Ҷанини насли якум дар 6-8 рӯз инкишоф меёбад. Кирминаҳои насли якум баъд аз 20-25 шабонарӯз зоча ва баъди 10-17 шабонарӯз шапарак мешаванд. Ба карам хусусан кирминаҳои насли дуюм, сеюм ва чорум зарари калон мерасонанд. Баргхӯраки карамро бисёр ҳашарот нест мекунанд. Мас., савораки «Апантелес громератус» дар бадани кирминаи баргхӯраки карам тухм гузошта, то 90 — 95%-и онҳоро нобуд менамояд. Трихограмма тухми баргхӯраки карамро нест мекунад.