Jump to content

Балад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном Шаҳр
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 90
Шумораи оятҳо 20
Ҷузъ 30
Шумораи рукӯъ 1
Сураи гузашта Сураи Фаҷр
Сураи раванд Сураи Шамс
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Сураи Балад (араб. سورة البلدШаҳр) — навадум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 20 оят аст. Ба тартиби нузул сураи 11 мебошад.

Номи Балад аз ояти 1 гирифта шудааст. Дар Балад қасами Худо ба шаҳри Макка ва ваъдаи Ӯ ба Пайғамбар (с) дарҷ ёфтааст. Ҳамчунин, оятҳое дар бораи шахсе оварда шудаанд, ки аз тавоноии ҷисмонию дороияш мағрур шуда, бо ислом дар ситез мебошад. Аммо растагор касест, ки бо гузаштани ақаба (мухолифати нафсу шайтон) аз роҳи озод кардани ғуломон, хӯрондани ятиму бечорагон ва ғайра дар охир аз ҷумлаи муъминони собиру меҳрубон гардидааст ва аз аҳли дасти рост (хушбахт) будааст. Аммо касоне, ки кофир монданд, аҳли дасти чап (бадбахт)-анд ва ҷазои онҳо сӯхтан дар оташи дӯзах аст. Баъзе вожаҳои Балад ду ё зиёда тафсир доранд, чунончи: «ҳиллун» (ояти 2) — 1) ҳалол; 2) фурудомада; «наҷдайн» (ояти 10) — 1) ду пистони модар, 2) роҳи ҳаққу ботил.

« Қасам ба ин шаҳр! (Макка) Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд. Ва қасам ба падару фарзандони ӯ, ки одамиро, дар ранҷу меҳнат биёфаридаем. Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад? Мегӯяд: «Моле фаровонро харҷ кардам!» Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст? Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем? Ва як забону ду лаб? Ва ду роҳ ба ӯ далолат накардем? Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод.
»
Сураи қаблӣ: Ал Фаҷр Сура 90Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Аш Шамс