Jump to content

Бактериофагҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бактериофагҳо
Структура типичного миовируса бактериофага.
Структура типичного миовируса бактериофага.
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст

Бактериофа́ги ё фа́гҳо (от юн.-қад. φᾰγω «мехӯрам») — вирусе, ки ба ҳуҷайраи бактерия гузашта, дар он меафзояд ва, оқибат, ҳуҷайраро ҳал (лизис) мекунад.

Ҳал шудани бактерияҳоро, ки зери таъсири омили сироят ба амал меояд, бори аввал микробиологи рус Н. Ф. Гамалея ошкор карда буд (1898). Соли 1915 духтури англис Ф. Творт муайян намуд, ки колония (тӯда)-и стафилококкҳо худ аз худ ҳал мешавад. Соли 1917 олими канадагӣ Ф. д’ Эрелл аз рӯдаи бемори исҳоли хунин моддаи ҳалкунандае ҷудо намуда, онро бактериофаг, яъне, хӯрандаи бактерияҳо, ном ниҳод.

Бактериофаг фақат баъзе навъҳои бактерияҳоро ҳал мекунад. Аз организми беморе, ки рӯ ба беҳбуд ниҳодааст, бактериофагҳо ихроҷ мешаванд. Аз ин бармеояд, ки бактериофагро дар мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва инкишофи муқовамати организм истифода бурдан мумкин аст.

Аксари бактериофагҳо аз ду қисми асосӣ иборатанд: сарак ва пояча. Сараки бактериофаг, ки бо пардаи сафедавӣ пӯшида шудааст, асосан аз молекулаҳои КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) ё КРН (кислотаи рибонуклеат) иборат аст. Пояча бо ғилофи сафедавӣ фаро гирифта шудааст. Бактериофаг бо поячааш ба ҳуҷайраи бактерия часпида, пардаи онро ҳал ва КДН ворид мекунад. КДН фаъолияти ҳуҷайраро идора намуда, онро барои синтези моддаҳои нави кушандаи бактерияҳо водор месозад. бактериофаг метавонад ба ҳуҷайраи ягон намуди муайяни микроорганизм таъсир расонад (монофаг).бактериофагҳое низ мавҷуданд, ки ҳуҷайраи микроорганизмҳои гуногунро маҳв мекунанд (полифагҳо). Давомоти ҳаёти бактериофаг гуногун аст, мас., фаги Т – 1 аз 13 то 15 дақ., фаги Т – 4 аз 30 то 40 дақ. умр мебинад.

Корбурди тиббӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Айни ҳол бактериофагҳо барои пешгирию муолиҷаи баъзе бемориҳои сироятии одам (тоун, вабо, исҳоли хунин, домана ва ғайра)-у ҳайвонот истифода мешаванд. Бо мақсади пешгирии амрози сироятӣ кор фармуданибактериофагҳоро фагопрофилактика меноманд. Бактериофагҳое, ки ҳуҷайраҳои бактерияҳоро вайрон мекунанд, ҳангоми истеҳсоли антибиотикҳо, аминокислотаҳо ва ғ. зарар низ мерасонанд.

Доруҳои бактериофагӣ дар шакли қурс, марҳам, аэрозол, шамъча, маҳлул ва ғ. истеҳсол карда мешаванд. Чунин навъи фагҳо мавҷуданд: стафилококкӣ, стрептококкӣ, дизентериявӣ, доманагӣ, салмонеллёзӣ, колифаг ва ғ. Якҷоя бо антибиотикҳо истифода бурдани фагҳо аҳаммияти бештар дорад.