Аҳли Китоб
Áҳли китóб (ар. اهل الكتاب, Аҳлу-л-Китоб – пайравони Китоби осмонӣ) — дар Қуръон касоне, ки дар байни мусулмонон ва мушрикон (бутпарастон) қарор доранд.
Аҳли китоб пеш аз ҳама яҳудиёну насрониён буда, фақат дар як оят (2:62) собитиён низ бо онҳо якҷо зикр карда шудаанд. Дар ибораи Аҳли китоб манзур аз вожаи «Китоб» Таврот ва Инҷил мебошанд. Дар замони футӯҳоти исломӣ бо зардуштиён низ ҳамчун ба аҳли Китоб муносибат карда мешуд. Минбаъд дар баъзе кишварҳо давлати исломӣ барпо мегардад, вале қисме аз аҳолӣ ғайримусулмон мемонданд (масалан дар Ҳиндустон) ва муносибати давлат бо ин қисми аҳолӣ низ аз рӯйи аҳкоми муносибат бо Аҳли китоб анҷом меёфт. Ақидаи исломӣ дар бораи Аҳли китоб чунин аст, ки китобҳои осмонӣ – Таврот, Забур, Инҷил ба онҳо фиристода шуд, вале онҳо ин китобҳоро, бахусус он ҷойҳоеро, ки дар васфи пайғамбари ислом (с) ва пешгӯии омадани ӯ буданд, ҳамчунин оятҳоеро дар бораи пайғамбар будани Исо – писари Марям (а), фарҷоми кор ва меъроҷи ӯ ва дигарро таҳриф карданд.
Муносибати мусалмонон бо аҳли Китоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Масъалаҳои алоқаманд бо муносиботи мусулмонон ва Аҳли китоб дар дохили кишварҳои исломӣ, аз қабили ҳаром ё ҳалол будани хӯроки Аҳли китоб, издивоҷ бо онҳо, ҷоиз будан ё набудани сохтмонҳои маъбадҳои нави онҳо ва ғайра дар асоси аҳкоми фиқҳ ба низом дароварда мешавад. Дар замони Хилофат Аҳли китоб ҳамчун аҳли зимма ё зиммиён зери ҳимояи давлат қарор доштанд, озодона ба ибодот, муомилот ва таълими динии худ мепардохтанд, маъбадҳо доштанд, ҳамчун зиммӣ ҷизя медоданд ва мақому ҳолоти онҳо дар шаҳру деҳот ҳамон буд, ки онро фиқҳ барои мардуми ҷизядеҳ муайян кардааст. Ба ҳар ҳол вазъияту шароити Аҳли китоб дар кишварҳои исломӣ нисбат ба вазъияту шароити аҳолии ғайринасронии кишварҳои насронӣ, ҳатто нисбат ба насрониёни ғайрикатоликӣ дар кишварҳои католикӣ басо беҳтар буд. Ислом аз оғози таърихи худ то кунун бо кишварҳои ғайриисломӣ, бахусус Ғарб муносибатҳои худро дар асоси аҳкоми марбут бо Аҳли китоб ба роҳ мегузорад. Дар асоси назария ва амалияи аҳкоми марбути Аҳли китоб имрӯз давлатҳои исломии Шарқ бо давлатҳои ғайриисломии ҷаҳон муносибатҳои сиёсӣ-дипломатӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра барқарор мекунанд, дар созмонҳо ва анҷуманҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ширкати фаъол доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.