Jump to content

Андре Вейл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Андре Вейл
фр. André Weil
Таърихи таваллуд 6 май 1906(1906-05-06)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 август 1998(1998-08-06)[1][2][3][…] (92 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҳандасаи ҷабрӣ, назарияи ададҳо[d] ва риёзиёт
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Жак Адамар[5] ва Charles Émile Picard[d][5]
Шогирдон Elza Furtado Gomide[d][2], Teruhisa Matsusaka[d] ва Carlos Benjamin de Lyra[d][2]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Андре́ Вейл (фр. André Weil; 6 май 1906[1][2][3][…], Порис6 август 1998[1][2][3][…], Принстон[d], Ню-Ҷерси) — риёзидони фаронсавӣ. Шогирди Жак Адамар ва Эмил Пикар. Яке аз асосгузорони гурӯҳи математикони Н. Бурбаки.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1928 Мактаби олии муқаррарии Порисро хатм кардааст. Дар донишгоҳҳои Гёттинген ва Рим таҳсил намудааст. Профессори Донишгоҳи Алигора (Ҳиндустон, 1930—1932), Донишгоҳи Страсбург (1945—1947), Донишгоҳи Сан-Паулу (Бразилия, 1945—1947), Донишгоҳи Чикаго (1947—1958). Аз соли 1958 проф. Мактаби математикии Институти таҳқиқоти дурнамои Принстон (ИМА). Дар соҳаи геометрияи алгебравии абстрактӣ ва назарияи гурӯҳҳои бефосила таҳқиқот анҷом додааст. Андре Вейл яке аз асосгузорони геометрияи алгебравӣ мебошад (1946). Ӯ назарияи каҷиҳои алгебравӣ ва бисёршаклҳои Абелро инкишоф дод (1948), «Фарзияи Риман»-ро барои майдонҳои функсияи андозаашон 1 муқаррар ва алоқаи байни назарияи ададҳо ва геометрияи алгебравиро ошкор намуд. Ӯ ба математика усулҳои когомологӣ ва назарияи майдони синфҳоро ворид карда, назарияи когомолияҳои бисёршакли алгебравии зарибҳояшон дар майдони тавсифоти сифрӣ (когомолияи Вейл)-ро таҳқиқ кардааст. Соли 1947 мавҷуд будани назарияи когомолияҳоро, ки барояшон формулаи Лефшес эҳтимолан татбиқпазир бошад, пешгӯӣ кард. Андре Вейл исбот намуд, ки ҳар як бисёршаклии алгебравӣ метавонад яке аз топологияҳои Зарискаро дошта бошад. Дорандаи мукофоти Волф (1979).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.00 2.01 2.02 2.03 2.04 2.05 2.06 2.07 2.08 2.09 2.10 2.11 2.12 2.13 2.14 2.15 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Музей Соломона Гуггенхайма — 1937.
  4. 4.0 4.1 André Abraham Weil — 1994.
  5. 5.0 5.1 André Abraham Weil (ингл.) — 1997.