Jump to content

К2

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
К2 дар тобистон

К2 (Чогори) — дуюмин балантарин қуллаи кӯҳӣ баъд аз Эверест. Баландии вай 8611 метр аз сатҳи баҳр мебошад. К2 дар Покистон ҷойгир шудааст ва ба массиви кӯҳии Каракорум дохил мешавад, кадоме ки дар ғарб аз Ҳимолой. Номҳои дигари К2: Чогори, Дапсанг, Годуин-Остен.

К2 -ро экспедисияи аврупоиҳо дар соли 1856 дарёфт карданд. Кӯҳро бо аломати «К2» ҳамчун дуюм аз баландтарин қуллаҳои кӯҳии Каракорум қайд карда шуда буд. Баландиҳо/Қуллаҳое, ки бо К1, К3, К4 ва К5 номгузори шуда буданд, дертар номҳои худро гирифтан ва дар ҳоли ҳозир онҳо Машербрум, Броуд Пик, Гашербрум II и Гашербрум I мебошанд. К2 номи худро дошт, аммо ба аврупоиҳо шинос набуд. Таърихи ҳамин хел шуд, ки номи аз ҳама паҳншудаи ин ҳамин номи техникии К2 мебошад.

Якум кӯшиги баромадан соли 1902 аз тарафи Оскар Экерштейн ва Алистер Кроули, аммо муваффақият ба даст наомад. Якумин шуда ба қуллаи К2 экспедисияи итолиёвиҳо соли 1954 бо сарварии Ардито Дезио баромаданд. 31 июл алпинистони\кӯҳнавардони итолиёӣ Лино Лачеделли ва Ахилле Компаньони якум шуда ба қуллаи К2 баромаданд.

Баромадан ба К2 аз рӯи техники душвортар аст, назар ба Эверест. То 2000 сол дар қуллаи К2 189 нафар одмаон баромаданд, 49 нафар вафот карданд дар вакти кӯшиши баромадан. Дар як вақт ба Эверест қариб 1500 нафар баромаданд. Якум зане, ки ба К2 баромад, ин кӯҳнаварди Полша Ванда Руткевич (1986).

Филмхо дар бораи К2

[вироиш | вироиши манбаъ]

Китобҳо дар бораи К2

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Дезио А. Вторая вершина мира: пер. с нем., Эванс Ч. Неприкосновенная Канченджанга: пер. с англ./Предисл. В. А. Иванова. — М.: Физкультура и спорт, 1984. — 253 с.
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
K2 дорад